Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон посухи расмиашро имрӯз эълон мекунад


Интизор меравад, ки Эрон имрӯз посухаш ба пешниҳоди таҳти ҳимояти СММ ба манзури рафъи нигарониҳо дар мавриди барномаҳои ҳастаии он кишварро ироа кунад. Матбуоти Эрон мегӯяд, фиристодаи Теҳрон дар Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ Алиасғар Султония имрӯз посухи Эронро дар Вена ба раҳбари он Ожонсӣ Муҳаммад Бародаӣ хоҳад супурд. Ба гуфтаи матбуоти Эрон, Теҳрон барномаи ба хориҷ фиристодани бахши аъзами ураниуми ғанисозишудаашро хоҳад пазируфт, вале ба тарҳи пешниҳодшуда як идда тағйирот ироа хоҳад кард.
Имрӯз ҳамчунин қарор аст, ҳайъати нозирони Ожонси ҳастаӣ дар пайи анҷоми назорати корхонаи то кунун махфии ғанисозии ураниум дар Қуми Эрон ба Вена баргардад. Ин корхона ҳанӯз дар ҳоли эҳдос қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG