Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Гӣ Мун ҳамлаи Кобулро маҳкум кард


Ҳамла ба меҳмонсарои СММ дар Кобул, пойтахти Афғонистон 12 нафар, бо шумули дастикам 5 корманди хориҷии Милали Муттаҳидро кушта ба ҷо гузошт. Сухангӯи Толибон аз номи ин гурӯҳ масъулияти он ҳамларо баро дӯш гирифт ва гуфт, ин нахустин иқдоми онҳо ба манзури тахриби даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аст, ки ба рӯзи 7 ноябр таъйин шудааст. Бар асари ин ҳамла 9 корманди дигари СММ ҷароҳат бардоштаанд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, 3 ҳамлагар, ду муҳофизи маҳаллӣ ва як ғайринизомӣ низ кушта шуданд.
Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ҳамлаи субҳи чоршанберо “нангин ва ваҳшиёна” номида, маҳкум кард, вале гуфт, ин ҳамла монеъи фаъолияти СММ дар Афғонистон нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG