Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори кушташудагон дар Пешовар ба 90 расид


Дирӯз бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар Пешовар, шаҳре дар шимолу ғарби Покистон, дастикам 90 нафар кушта ва беш аз 200 тан захмӣ шуданд. Ин ҳамла дар як бозори пуриздиҳом сурат гирифта, пурқурбонитарин ҳамла дар Покистон дар соли ҷорӣ маҳсуб мешавад.
Таркиши Пешовар дар рӯзи оғози сафари серӯзаи вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон рух дод. Хонум Клинтон ҳамлаи Пешоварро “бемаънӣ ва ваҳшиёна” номид. Вазири хориҷаи Амрико дар пайи мулоқот бо ҳамтои покистониаш Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҳамчунин гуфт, Амрико дар амри мубориза алайҳи ифротгароӣ тамоми кӯмаки лозимро дар ихтиёри Покистон хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG