Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол дар Тоҷикистон 38 нирӯгоҳи хурд сохтаанд


Имсол дар Тоҷикистон 38 нирӯгоҳи хурди ҷадид мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки иқтидори тавлидотии онон аз 4 то 4000 киловаттро ташкил медиҳад. Сухангӯи вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон Тоҷиниссо Азизова ҳамчунин ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, акнун ҷамъи нирӯгоҳҳои хурд дар кишвар ба 185 адад мерасад, ки аз ин шумор 96 нирӯгоҳ тамоми сол ва 89 нирӯгоҳи дигар дар мавсими сармо нирӯи барқ тавлид мекунанд. Феълан дар Тоҷикистон эҳдоси боз 28 нирӯгоҳи хурди дигар идома доштааст.
XS
SM
MD
LG