Пайвандҳои дастрасӣ

Норозигии ҳомиёни ҳуқуқи башар аз тасмими Брюсел


Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо оид ба лағви таҳримҳо алайҳи Узбакистон изҳори норозигӣ карданд. Human Rights Watch, “Хабарнигорони бидуни марз” ва Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо изҳор намуданд, тасмими вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле гирифта шудааст, ки дар Узбакистон нақзи густардаи ҳуқуқи башар идома дорад. Рӯзи сешанбе дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо охирин таҳримҳо алайҳи Узбакистон аз байн бурда шуданд. Дар ин нишаст изҳори умедворӣ шуд, ки ин тасмим ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон мусоидат мекунад.
Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Тошканд чанд моҳ баъд аз саркӯбсозии тазоҳуроти сокинони шаҳри Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ва сарпечии мақомоти Узбакистон аз пажуҳиши мустақилонаи байнулмилалии ин ҳаводис ҷорӣ шуда буданд. Соли гузашта Брюссел таҳримҳои марбут ба маҳдудияти дарёфти раводид аз сӯи мақомоти Узбакистонро бекор карда буд. Акнун маҳдудиятҳо дар мавриди манъи хариду фурӯши силоҳ бо Узбакистон низ аз байн бурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG