Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран Шӯрои мудирони Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ тасмим гирифтааст, ки кумиссиюни рушди моҳипарварӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқозро таъсис диҳад.

Ин созмон бар он аст, ки ин тадбир бахши моҳипарварӣ дар ин минтақаҳоро барқарор мекунад. Ин кумиссиюн дар ҳоле шурӯъ ба кор мекунад, ки аз ҷумлаи он кишварҳо се кишвар таъсиси ин комиссиюнро таъйид кунад.

Интизор меравад, ки кумиссиюн дар Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Гурҷистон, Ирон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия Тоҷикистон, Туркия, Tуркманистон ва Ӯзбакистон фаъол шавад.

Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ гуфтааст, ки манзур аз таъсиси ин кумиссиюн он аст, ки бахши моҳипарварӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз суқути он хеле коҳиш ёфтааст, ҳатто то 98 дарсад.

Дар Тоҷикистон вазъи моҳипарварӣ ва истеъмоли ин навъи гушти муфид ба саломатии инсон дар кадом ҳол қарор дорад. Наворбардори радиои «Озодӣ» дар моҳидорӣ буд, аз моҳипарварон дидан кард ва дар сӯҳбати масъулону пизишкон ҳузур дошт:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG