Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи қурбониёни таркиши Пешовар афзоиш ёфт


Тибқи иттилоъи ахир, бар асари таркиш дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, 90 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Имрӯз як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар бозори маркази шаҳр инфиҷор кард.
Таркиши пурқурбонӣ дар Пешовар ҳамагӣ чанд соат баъд аз вуруди Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон ва дар ҳоле рух дод, ки ӯ ва ҳамтои покистонияш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ бо ҳам мулоқот мекарданд. Вазири умури хориҷаи Покистон баъд аз ин дидору гуфтугӯ бо хонум Клинтон дар хитоб ба созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ дар Пешовар гуфт: “Мо шуморо таъқиб хоҳем кард ва мо медонем, ки чӣ бояд кунем. Мо аз болои шумо дар водии Свот ва Малоканд пирӯз шудем, сарбозони афсарони ҷасури артиши Покистон шуморо дар Вазиристон ҳам мағлуб хоҳанд кард. Шумо гумон мекунед, ки бо ҳамла ва куштори мардуми бегуноҳ метавонед иродаи моро бишканед? На, ин тавр нахоҳад шуд!"
Хонум Ҳилларӣ Клинтон дар сӯҳбат бо хабарнигорон ҳамла дар Пешоварро "ҳамлаи тарсуёна" номид. Ӯ гуфт, ки Амрико дар ҷанг бо ифротгароён дар паҳлуи Покистон қарор хоҳад дошт ва барои ироаи ҳама гуна кумаки зарурӣ ба хотири таъмини оромиву субот дар минтақа омода аст. Котиби давлатии Амрико аз артиши Покистон, ки дар марз бо Афғонистон амалиёт алайҳи ошубгаронро идома медиҳад, ситоиш намуд.
XS
SM
MD
LG