Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи қотили зани мусулмон дар Олмон


Акси Марво ал-Ширбинӣ дар дасти зане дар тазоҳуроти Туркия, 17 июли соли 2009.
Акси Марво ал-Ширбинӣ дар дасти зане дар тазоҳуроти Туркия, 17 июли соли 2009.

Дар Олмон муҳокимаи марде идома дорад, ки моҳи июли соли равон дар толори додгоҳ зани мисрии ҳомиладорро ба зарби корд ба ҳалокат расонд.

Ин мард ба қатли зани 31-сола айбдор мешавад. Воқеа дар пеши назари аҳли додгоҳ ба вуқӯъ пайваста буд.
Ин муҳокима таваҷҷӯҳи азимеро дар олами ислом ба худ кашидааст. Дар бархе аз кишварҳои исломӣ ин куштор тазоҳуроту ошӯб бапо кард. Акнун марбути мо, олмониҳост, ки обрӯи худро ҳифз кунем...

Моҷаро аз ҳамон оғоз дафъатан диққати ҳам ҷаҳони ислом ва Ғарбро ба худ кашид. Соли 2008 дар шаҳри Дрезден Марво ал-Ширбинӣ, зане зода Миср, аз марде хоҳиш кард, ба кӯдаки сесолаи ӯ дар алвонҷаки бозигоҳи кӯдакон ҷой диҳад. Мард, Александр Вйенс ба дархости зане, ки ҳиҷоб ба сар дошт, бо вожаҳои "террорист" ва "зани ифлос" посух дод.

Ал-Ширбинӣ полисро даъват кард ва оқибат Вйенс барои ҳамлаи лафзӣ ба 480 доллар ҷарима шуд. Вақте ки Вйенс талош кард, дар моҳи июл, ин ҷазоро аз тариқи додгоҳ бекор кунад, ал-Ширбинӣ, ки акнун ҳомиладор буд, маҷбур гашт, дар муҳокима ширкат варзад. Вақте ки вай, пас аз тасдиқи ҳукми додгоҳ аз толор берун мерафт, Вйенс ҷаҳида, ба ӯ даррасид ва 18 бор ӯро корд зад.

Шавҳари ал-Ширбинӣ, Элвӣ Алй Указ кӯшид, ҳамрасашро ҳифз кунад ва низ чанд зарби корд хӯрд. Бадбахтона, корманди полис, ба гумони он ки марди мисрӣ ҳамлавар аст, на олмонӣ, ба сӯи Указ тир кушод ва ӯро аз пой захмӣ кард.

Айбдоршаванда Александр Вйенс дар додгоҳи Дрезден, 28 октябри соли 2009
Муҳокимаи Вйенс, олмонии 29-солаи зодаи Русия, рӯзи душанбеи 26-уми октябр дар Дрезден дар ҳамон додгоҳе шурӯъ шуд, ки куштор ба вуқӯъ пайвастааст. Указ, шавҳари зани кушташуда бо ду асобағал ба додгоҳ омад.

Аюб Аксел Куҳлер, раиси Шӯрои марказии мусулмонони Олмон пеш аз оғози додгоҳ ба хабаргузории Ройтерз гуфт, мусулмонон дар ҳама ҷо мехоҳанд, бифаҳманд, ки муҳокима ба куҷо мерасад: "Ин муҳокима таваҷҷӯҳи азимеро дар олами ислом ба худ кашидааст. Дар бархе аз кишварҳои исломӣ ин куштор тазоҳуроту ошӯб бапо кард. Акнун марбути мо, олмониҳост, ки обрӯи худро ҳифз кунем."

Куҳлер, олмоние, ки ба ислом гаравидааст, ба тазоҳурот дар Мисру Эрон ишора мекунад ва ҳамчунин ба талаби Теҳрон, ки аз Созмони Милал хостааст, ба қазия мудохила кунад.

Вай инчунин гуфт, ҷомеаи исломии Олмон, ки пас аз Фаронса калонтарин ҷомеаи мусулмонони Аврупост, аз ин фалокат амиқан такон хӯрдааст: "Мо аз ин муҳокима интизориҳои зиёд дорем, зеро занону духтарони мо, рӯшан аст, ки дар ҳаросанд. Онҳо аллакай ҳадафи табъйиз қарор ёфтаанд ва ноумеданд."

Куҳлер гуфт, обрӯйи Олмон низ шадидан зарба дидааст. Ба ақидаи вай, сиёсатмадорон исломситезӣ дар Олмон ва пайомадҳои онро нодида гирифтанд.

Додситони давлатӣ Кристиан Авенариус гуфт, рӯшан аст, ки айбдоршаванда бо ангезаи нафрати бепоён ба хориҷиён амал кардааст.

Ёвари баландпояи садри аъзами Олмон, Ангела Меркел, кумиссионери умури ақаллиятҳо, Мария Бумер рӯзи душанбе, ҳамаро ба оромӣ даъват кард ва гуфт, вай огаҳ аст, ки ин амали мудҳиш дар Олмону Миср ва бисёр кишварҳои дигар ваҳшат эҷод кард. Вай афзуд, ин нишон медиҳад, ки олмониҳо бояд ҳамарӯза зидди нажодпарастӣ биҷанганд ва ба ҳамзистии осоишта талош кунанд.

Муҳокима дар ҳоле ҷараён мегирад, ки 200 корманди полис додгоҳро зери назар доранд. Айбдоршаванда бо даступои занҷирбанд паси шишаи тирногузар нишастааст.

Сафири Миср дар Берлин, Рамзӣ Иззатдин дар ифтитоҳи муҳокима ҳузур дошт ва ба хабарнигорон гуфт, дар ҳоле ба ин ҷо омадааст, ки ба адлияи Олмон эътимоди бузург дорад.
XS
SM
MD
LG