Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари тармарезӣ дар минтақаи ағбаи Анзоби шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 20 мошини боркаш ва 3 мошини сабукрав бо мусофирон дар банди тарма мондаанд.

Бино ба иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рӯзи дуввум аст, ки баста ва убуру мурури нақлиёт қатъ шудааст.

Анзур Раҷабов, нозири нақлиёт дар водии Зарафшон, ки дар ҷои ҳодиса қарор доштааст, ба радиои Озодӣ гуфт, дар пайи тармарезӣ, ки дар се минтақаи ағба рух додааст, касе аз мусофирон зарар надидааст.

Вай афзуд, бо вуҷуди он ки роҳсозони ноҳияи Айнӣ ба кушодани роҳи бандшуда машғуланд, аммо гумон аст, ки бидуни кумак аз маркази кишвар роҳ боз шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ронандагон, айни замон ҳудуди ҳазор мошини боркашу сабукрав аз ду ҷониби ағба мунтазири бозшавии роҳ будаанд.

Тунели Анзоб низ тайи се моҳ аст, ки баста аст ва таъмир мешавад.
XS
SM
MD
LG