Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон фардо ба пешниҳод посухи расмӣ хоҳад дод


Эрон ба пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаияш рӯзи панҷшанбе расман посух медиҳад. Дар ин бора имрӯз расонаҳои чопи Теҳрон хабар доданд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки Эрон созиши байнулмилалӣ оид ба барномаи ҳастаии кишварро мепазирад ва аммо ҳамзамон хостори вуруди бархе тағйирот ба ин санад шудааст. Ва аммо то ҳол маълум нест, ки Эрон вуруди чӣ гуна тағйирот ба созишномаро талаб дорад. Тибқи созишнома, ки аллакай аз сӯи Русия, ИМА ва Фаронса пазируфта шудааст, Теҳрон ураниуми ғанисохтаи худро, ба хотири тавлиди маводи сӯхти ҳастаӣ барои Эрон, дар ихтиёри дигар кишварҳо мегузорад.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он нигарон аст, ки ҳадаф аз барномаи ғанисозии ураниуми Эрон - дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист. Ва аммо Теҳрон дар посух мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG