Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни таркиши Пешовар ба 80 кас расид


Теъдоди қурбониёни таркиш дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ба 80 нафар расид. Дар ин ҳодиса беш аз 100 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар бозори маркази шаҳр як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро инфиҷор кард.
Инфиҷор ҳамагӣ чанд соат баъд аз вуруди Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон рух дод. Дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод хонум Клинтон изҳор намуд, ки "Амрико дар ҷанг бо ифротгароён дар паҳлӯи Покистон қарор хоҳад дошт". Ӯ афзуд, ки Вошингтон барои ироаи ҳама гуна кумаки зарурӣ ба Покистон дар ин мубориза омода аст. Ӯ ҳамчунин аз артиши Покистон, ки дар марз бо Афғонистон амалиёт алайҳи ошубгаронро идома медиҳад, ситоиш намуд.
XS
SM
MD
LG