Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин қаҳрамонони бодибилдинги Тоҷикистон


Барои аввалин бор дар Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ баргузор шуд.

Толеъ Холназаров, раиси Федератсияи пауэрлифтинг ва бодибилдинги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барои аввалин бор бо ташаббуси Федератсияи ҷумҳуриявӣ, ки соли 2003 таъсис ёфтааст, ва бо дастгирию кӯмаки ҳамаҷонибаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ҳамчунин, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати мобилии «Индиго» таҳти шиори «Ҷавонон - алайҳи маводи мухаддир» баргузор шуд. Дар мусобиқа 43 варзишгар аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Ваҳдат ширкат карданд».

Ба иттилоъи Толеъ Холназаров дар рақобатҳо Фирӯз Давлатов дар вазни то 70 кг, Бахтовар Ҷабборов дар вазни то 80 кг (ҳарду аз шаҳри Душанбе), Абдурасул Ҷӯрақулов дар вазни то 90 кг (аз шаҳри Турсунзода) ва Парвизи Сиддиқӣ дар вазни беш аз 90 кг (аз шаҳри Ваҳдат) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Бахтовар Ҷабборов, ғолиби мутлақи мусобиқа, шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бодибилдинги ҷаҳон, ки аз 3-юм то 8-уми ноябр дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ҳимоя хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG