Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел аз нав канслери Олмон интихоб шуд


Парлумони Олмон Ангела Меркелро аз нав канслер ё садри аъзами кишвар интихоб кард. Ӯ ҳукумати эътилофии Демократҳои масеҳӣ ва Ҳизби озоди демократиро сарварӣ хоҳад кард, ки як моҳ қабл дар интихобот ба Бундестаг бештари раъйҳоро соҳиб шуда буданд. Созиш миёни Демократҳои масеҳӣ ва Ҳизби озоди демократӣ ҳафтаи гузашта ҳосил шуда буд ва тибқи он сарвари Ҳизби озоди демократӣ Гидо Вестервелле курсии вазири умури хориҷаи Олмонро ишғол мекунад. Қарор аст имрӯз Ангела Меркел ва вазирони кобинаи нав савганд ёд кунанд.
XS
SM
MD
LG