Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кай Ейде: СММ кори худро дар Кобул идома хоҳад дод


Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳамла ба як меҳмонсаро дар шаҳри Кобулро, ки бар асари он 12 нафар, аз ҷумла, шаш корманди Созмони Милали Муттаҳид кушта шуданд, маҳкум карданд. Тибқи иттилоъи ахир, ин ҳамла мунҷар ба ҳалокати се афғон – ду муҳофиз ва як раҳгузар низ шудааст. Вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар дод, ки ҳамла аз сӯи се мусаллаҳи толиб сурат гирифтааст, ки баъдан дар задухурд бо полиси маҳаллӣ кушта шуданд. Дар ин ҳамла нӯҳ корманди СММ ҷароҳат бардоштаанд.
Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт. Толибон эълом доштанд, ки ин қадами аввал дар роҳи ҷилавгирӣ аз даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аст. Ин маъракаи сиёсӣ бояд рӯзи 7 ноябр баргузор шавад.
Дар ҳамин ҳол раиси дафтари СММ дар Афғонистон Кай Ейде изҳор намуд, ки ҳамлаи террористӣ ҷараёни кори масъулини ин созмон дар Кобулро халалдор нахоҳад кард ва муҳимтарин вазифаи онҳо – омодагӣ ба даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG