Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон дар остонаи даври дуввуми интихобот


Дар ҳоле ки Афғонистон ба даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳури омодагӣ мегирад, танишҳои сиёсӣ дар ин кишвар рӯз аз рӯз шиддат меёбад.

26-уми октябр президенти кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай талаби рақибаш дар даври дуввуми интихобот собиқ вазири хориҷа Абдулло Абдулло барои ивазшавии вазирони калидии ҳукумат ва мақомдорони аршади комиссияи интихоботиро рад намуд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Абдулло Абдулло иддао кард, ки раиси комиссияи интихоботии Афғонистон Азизулло Лудин бояд аз вазифааш барканор шавад, чунки таҳти раҳбарии вай ба ин ниҳоди интихоботӣ ягон боварӣ намондааст.

Доктор Абдулло дар ин бора гуфт, “ин танҳо як шарти фаннӣ ва корист. Ин ба шаффофияти интихобот мусоидат хоҳад кард ва ин камтарин шартест. Агар мо ин шартро ба ҷо оварем, ба фикрам, мо ба ояндаи кишвар таҳкурсии дуруст хоҳем гузошт. Ин қадаме ба пеш хоҳад буд ва натиҷаҳои чунин интихоботро, касе ки пирӯз нашавад, ман нахустин шуда истиқбол хоҳам кард”.

Карзай талаби Абдуллоро рад кард ва аммо афзуд, ки доир намудани даври дуввум бисёр муҳим буд. Ваҳим Умар, сухангӯи ситоди интихоботии Карзай, ба хабарнигории Ройтерс гуфт, ҳатто агар Абдулло Абдулло аз ширкат дар интихобот даст кашад, даври дуввум бояд баргузор шавад. Вай изҳор дошт, ки “мо набояд мардумро аз ҳақи овоздиҳӣ маҳрум кунем. Ин раванди қонунист ва он бояд идома ёбад”.

Муҳаммад Юнус Факур, таҳлилгари мустақил аз Кобул, ангезаҳои ҳақонии Абдлуллоро зери шубҳа мегузорад. Вай ҳадс мезанад, ки Абдулло, ки дар даври якум ҳамагӣ 31,5 дарсади орои мардумро ба даст овард, мефаҳмад, ки дар даври дуввум пирӯзиаш шубҳанок аст ва ба ҳамин хотир қабл аз баргузории даври дуввум мехоҳад имтиёзҳои умда ба даст орад, аз ҷумла пешниҳод дар тақсими қудрат.

Таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки дар даври дуввум Карзай орои хеле бештари интихобкунандагонро соҳиб мешавад. Дар даври яккум вай камтар аз 50 дарсади райҳои мардумро касб намуда буд. Онҳо ҳадс мезананд, аз баски Карзай мақоми расмӣ дорад ва қудрат низ дар дасти ӯст, дар муқоиса бо рақибаш барои касби райҳои интихобкунандагон шонсҳои хубтар дорад.

Ҳоҷи Сайд Доуд, раиси Маркази матбуотии Афғонистон, бар ин назар аст, ки воқеияти он, ки Карзай ҳукуматро идора мекунад, пирӯзиашро 7-уми ноябр тазмин медиҳад. Аммо вай мегӯяд, ки ҷониби мухолиф интихобкунандагони афғонро ба танаввуи миллӣ мебаранд. Карзай пуштун ва аммо Абдулло нимпуштуну нимтоҷик аст. Онҳоро гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ ва миллӣ дастгирӣ мекунанд.

Аммо дар натиҷаи иттиҳомоти дуҷониба баъд аз ошкор шудани тақаллуб дар даври якуми интихобот ситезаҷӯён аз ҷониби Карзай вайро пуштибони пуштунҳо ва ситезаҷӯён аз ҷониби Абдулло вайро пуштибони манфиатҳои тоҷикон тасвир мекунанд. Довуд афзоиши чунин эҳсосотро дар арафаи даври дуввуми интихобот нишонаи баде барои ояндаи демократӣ ва собити кишвар маҳсуб мекунад.

Довуд пешниҳод мекунад, ки барои ҳали бӯҳрони ҳукуматӣ беҳтар буд, агар Луи Ҷирга даъват мешуд ва ин нишасти бузургсолони кишвар бо ташкили ҳукумати муваққатӣ заминаро барои интихоботи озод ва мунсифона таҳия мекард.
Баъзе дипломатҳои хориҷӣ низ чунин назар доранд.
XS
SM
MD
LG