Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши пурқурбонӣ дар Пешовар


Бар асари таркиш дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, беш аз 40 нафар кушта ва тақрибан 80 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар бозори маркази шаҳр инфиҷор кард. Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониён афзоиш хоҳад ёфт, зеро аз таркиш чанд бино хароб шуда ва зери харобаҳо боқӣ мондани одамон аз эҳтимол дур нест.
Инфиҷор ҳамагӣ чанд соат баъд аз вуруди Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон рух дод. Қарор аст зимни сафари серӯза вазири умури хориҷаи Амрико бо мақомоти Покистон масоили марбут ба мубориза бо ифротгароӣ дар ин кишвар ва дар Афғонистони ҳамсояро баҳсу баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG