Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш корманди СММ дар як ҳамла дар Кобул


Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як меҳмонсаро дар шаҳри Кобул, тибқи иттилоъи ахир, мунҷар ба ҳалокати шаш корманди Созмони Милали Муттаҳид ва се афғон – ду муҳофиз ва як раҳгузар шудааст. Нӯҳ корманди СММ ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар дод, ки дар ҳамла се мусаллаҳи мухолифи ҳукумат ширкат доштанд, ки дар задухурд кушта шуданд.
Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки ин қадами аввал дар роҳи ҷилавгирӣ аз баргузории даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аст. Ин маъракаи сиёсӣ бояд рӯзи 7 ноябр доир шавад.
Субҳи чаҳоршанбе ҳамчунин ба як меҳмонсарои дигар дар пойтахти Афғонистон ду мушак андохта шуд. Меҳмонон дар таҳхона панаҳ бурданд, дар бораи осебдидагон иттилоъе зери даст нест.
XS
SM
MD
LG