Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли нерӯгоҳи Роғун


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафар ба водии Рашт имрӯз, 28-уми октябр, аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи Роғун дидан кард.

Вай зимни суханронӣ дар назди бунёдкорони нерӯгоҳ дар шаҳри Роғун ин нерӯгоҳро масъалаи стратегӣ барои давлати Тоҷикистон номид. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ соли ҷорӣ аз буҷаи давлатӣ 533 миллион сомонӣ ҷудо шуда, дар соли 2010 зиёда аз 650 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст ва тибқи нақша бояд ду агрегати аввали Роғун дар муддати се–чор соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, дар раванди сохтмони нерӯгоҳ беш аз 46 ҳазор нафар сокинони 63 деҳа аз маҳалли обанбори он кӯчонида хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳалаи якуми сохтмони нерӯгоҳ кӯчонидани 950 оила, ки 4500 нафарро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст ва онҳо дар ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ ва Турсунзода бо қитъаҳои замин таъмин хоҳанд шуд.

Вай гуфт: "...ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, энергетика ва саноат, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти ҳавасмандии корхонаҳо ва аҳолӣ механизми ҷалби маблағҳои онҳоро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун таҳия карда, дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд."

Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки охирҳои моҳи декабри соли ҷорӣ маҷрои рӯдхонаи Вахш дар минтақаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баста хоҳад шуд.

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон қимати тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғунро то 2 миллиард доллар поён бурд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки қимати тарҳи нерӯгоҳ тақрибан 3 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин давлати Тоҷикистон якчанд рӯз қабл тасмими худ дар бораи ба фурӯш гузоштани саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро эълон кард.

Баъзе аз соҳибназарон чунин тасмимгириҳои ахири ҳукумати Тоҷикистонро ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва мулоқоти ӯ бо президенти ин кишвар рабт медиҳанд.

Ин соҳибназарон тахмин мезананд, ки шояд дар дидор ва гуфтугӯҳои Медведев ва Раҳмон дар Маскав наҳваи нави ширкати Русия дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун матраҳ шуда бошад.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, дар сурати бунёд гаштани он имкон хоҳад дод, то Тоҷикистон аз назари таъмини нерӯи барқ худкифо шавад ва барқи онро ба кишварҳои минтақа бифурӯшад.
XS
SM
MD
LG