Пайвандҳои дастрасӣ

«Саройкамар» ва «Хайр» - муддаъиёни роҳхатҳо ба лигаи олӣ


Бозиҳои даври 15-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бар тими «Панҷшер»-и Румӣ бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод. «Зарафшон»-и Панҷакент бар дастаи меҳмон - «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. «Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ бар «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

«Ҷавонон»-и Турсунзода бидуни бозӣ соҳиби се имтиёз гардид. Зеро рақибаш – дастаи «Барқ»-и Норак - ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар бозиҳои давраи дуввуми мусобиқа даст кашидааст.

Бад-ин тартиб дастаҳои «Саройкамар» ва «Хайр», ки 30-имтиёзӣ ба даст овардаанд, муддаъиёни аслии роҳхатҳо ба лигаи олӣ маҳсуб мешаванд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Саройкамар» дар ҷои аввал ва «Хайр» дар ҷои дуввум қарор гирифтаанд. Дастаи «Ҷавонон» бо 29 имтиёз дар ҷои севум мебошад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 29-уми октябр

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

14

11

0

3

42-18

33

2.

«Хайр»

14

10

3

1

38-18

33

3.

«Ҷавонон»

15

9

2

4

47-28

29

4.

«Зарафшон»

15

7

4

4

29-24

25

5.

«Ҳулбук»

14

7

1

6

34-35

22

6.

«Панҷшер»

15

6

1

8

40-35

19

7.

«Рангонгаз»

15

4

3

8

17-29

15

8.

РШВСМ

14

3

3

8

15-29

12

9.

«Локомотив»

14

3

1

10

12-35

10

10.

«Барқ»

14

2

2

10

12-35

8

Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 15 гол, Фозил Ҳабибов («Зарафшон») ва Одилҷон Мингиёров («Ҳулбук») – 11- голӣ.

29-уми октябр бозиҳои даври 16-ум баргузор мешаванд:
«Рангонгаз» - «Зарафшон», «Локомотив» - «Саройкамар», - «Хайр» - «Ҷавонон», РШВСМ - «Панҷшер». «Ҳулбук» бидуни бозӣ бо «Барқ» соҳиби се имтиёз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG