Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Афғонистон иттилоъ додаанд, ки бар асари даргириҳо дар шаҳри Кобул 6 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла кормандони СММ, кушта шудаанд.

Тибқи гузоришҳо, тирандозиҳо миёни пулис ва як гурӯҳи мусаллаҳ, ки ба ҳаракати Толибон рабт дода мешавад, дар атрофи меҳмонхонаи марбут ба Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифтааст. Тибқи иттилои хабаргузории Ройтерс, гурӯҳи панҷ-шашнафарии мусаллаҳ дар меҳмонхонаи мазкур паноҳ бурдаанд.

Қаблан ҷангиёни толиб таҳдид карда буданд, ки дар пешорӯи даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон мизони ҳамлаҳои худро афзоиш хоҳанд дод. Дар пайи ин изҳороти Толибон тайи рӯзҳои ахир шумори бомбгузориҳо ва ҳамлаҳои ҷангиёни ин ҳаракат ба нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ афзоиш ёфтааст.

Дирӯз бар асари бомбгузориҳо дар ҷануби Афғонистон 8 сарбози Амрико ва як сокини маҳаллӣ кушта шуданд. Нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар як баёния иқрор кард, ки ин афрод бар асари силсилаи ҳамлаҳо ба ҳалокат расидаанд.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, ҳалокати ин 8 сарбоз моҳи октябрро ба пурқурбонитарин моҳ барои нерӯҳои Амрико тайи 8 соли вуруди онҳо ба Афғонистон табдил медиҳад. Ду рӯз пеш бар асари суқути чархболҳо дар Афғонистон 14 сарбози амрикоӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG