Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ ва инфиҷор дар пойтахти Афғонистон


Аз маркази Кобул дар бораи тирандозӣ ва таркиш гузориш мерасад. Гуфта мешавад, субҳи имрӯз аз пойтахти Афғонистон дуди сиёҳ мехест. Маълум нест, ки ин даргирӣ байни кӣ сурат гирифтааст. Як шоҳид ба Ройтерс гуфтааст, ки пулис як идда кӯчаҳоро бастааст. Дар шаҳр садои бонги изтироб шунида мешавад. Ҷангиёни толиб таҳдид кардаанд, ки дар пешорӯи даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон мизони ҳамлаҳои худро афзоиш хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG