Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама рӯзи ҷумъа бо фармондеҳон мулоқот мекунад


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар садади такмили марҳалаи баррасии имкони ирсоли нирӯи изофӣ ба Афғонистон аст. Кохи Сафед гуфт, нишасти рӯзи ҷумъаи Обама бо фармондеҳони ситоди марказии артиши Амрико яке аз охирин давраҳои ин марҳала хоҳад шуд. Фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл аз Обама даъват кардааст, ки ба манзури муқобила бо мизони афзояндаи ҳамалоти ҷангиён ба Афғонистон 40 000 сарбози дигар бифиристад.
Эълони ин нишаст дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе дар ҷануби Афғонистон боз 8 сарбози Амрико кушта шуданд. Ин талафот ҷамъи асокири амрикоии танҳо дар моҳи октябр дар Афғонистон кушташударо ба 53 нафар расонд ва ин моҳро ба пурқурбонитарин моҳ тайи 8 соли ҳузури нирӯҳои Амрико дар Афғонистон табдил дод.
XS
SM
MD
LG