Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар садади ироаи посухаш ба пешниҳоди СММ аст


Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки Теҳрон пешниҳоди СММ роҷеъ ба ҳалли баҳси ҳастаии Эронро хоҳад пазируфт, вале мехоҳад ба ин пешниҳод як силсила “тағйироти хеле муҳим” ворид карда шавад. Шабакаи арабизабони “Ал-Алам” гуфт, Эрон посухаш ба пешниҳоди Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаиро то 48 соати оянда ироа хоҳад кард. Шабака аз як манбаъи наздик ба ҳайъати музокиротии Эрон нақли қавл кард, вале ҷузъиёти тағйиротеро, ки Теҳрон мехоҳад, ташреҳ накард. Шабакаи инглисизабони Press TV гуфт, Эрон мухолифи якбора барои ғанисозии минбаъда ба хориҷ фиристодани бахши аъзами захираи ураниумаш мебошад. Ожонси СММ дар Русияву Фаронса анҷом додани ғанисозии ураниумашро ба Эрон пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG