Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА охирин таҳримаш алайҳи Узбакистонро лағв кард


ИА охирин таҳрими бозмондааш алайҳи Узбакистонро лағв кард. Вузарои хориҷаи ИА дар пайи нишасти Люксембург эълон карданд, ки таҳрими фурӯши аслиҳа ба Тошкандро ба хотири ба беҳбуди бештари вазъи ҳуқуқи башар ва таҳкими қонуният ташвиқ кардани он кишвар лағв кардаанд.
Ин таҳримот алайҳи Узбакистон 4 сол пеш, дар пайи бо истифода аз нирӯ саркӯб кардани тазоҳуроти эътирозӣ дар Андиҷон ҷорӣ шуда буд. ИА мехоҳад ба хотири мусоидат ба ҳифзи манобеъи таъмини энержиаш равобиташ бо кишварҳои Осиёи Марказиро беҳтар кунад. Аммо лағви таҳримоти ИА алайҳи Узбакистон мояи интиқодоти шадид аз ҷониби мухолифини узбак ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар шудааст.
XS
SM
MD
LG