Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон Русияро ба нақзи оташбас айбдор мекунад


Гурҷистон дирӯз бори дигар Русияро ба сарпечӣ аз мурооти шароити оташбаси баъд аз ҷанги як соли пеши миёни ин ду кишвар айбдор кард. Сарвазири Гурҷистон Ника Гилаурӣ дар ҳамоиши тоҷирони аршади Испания дар Мадрид гуфт, Тифлис мехоҳад бо Маскав ҳамкорӣ кунад, вале чунин ҳамкорӣ дар шароите, ки Русия бахше аз қаламрави Гурҷистонро ишғол кардааст, ғайримумкин аст. Рӯзи душанбе Гурҷистон нирӯҳои Русияро дар рабудани 16 шаҳрвандаш айбдор кард.
Русия дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузаштааш Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ - ду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро таҳти назорати худ овард ва мустақилияти ҳардуро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG