Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Биляна Плавшич аз маҳбас


Раисиҷумҳури собиқи сербҳои БуснӣБиляна Плавшич дар пайи адои аз се ду ҳиссаи ҳукми 11-солаи зиндонаш аз маҳбас раҳо шуда, дирӯз ба Белград рафт.
Хонум Плавшич ҳанӯз дар соли 2003 аз сӯи додгоҳи СММ дар Ҳейг барои даст доштан дар як силсила ҷиноёт дар солҳои ҷанги Буснӣ ба 11 соли ҳабс маҳкум шуда, дар як зиндони Шветсия адои ҳукм мекард.
Додгоҳи Ҳейг феълан ба муҳокимаи парвандаи Радован Караҷич, дигар раҳбари пешини сербҳои Буснӣ шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG