Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама баррасии мавзӯъи Афғонистонро такмил мекунад


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар садади такмили марҳалаи ҷамъоварии иттилоот ва баррасии сиёсатҳои Вошингтон дар қиболи Афғонистон аст. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, Обама мехоҳад рӯзи ҷумъа афсарони аршади артишро брои машвара даъват кунад.
Фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл аз Обама даъват кардааст, ки ба манзури муқобила бо мизони афзояндаи ҳамалоти ҷангиён ба Афғонистон 40 000 сарбози дигар бифиристад. Ин дар ҳолест, ки фақат имсол теъдоди нирӯҳои Амрико дар Афғонистон беш аз 2 маротиба афзуд ва феълан 65 000 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG