Пайвандҳои дастрасӣ

"Роснефт" ба бозори Тоҷикистон роҳ меҷӯяд


Ширкати давлатии “Роснефт”-и Русия имкони эҳдоси силсилаи нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхташ дар Тоҷикистонро ба омӯзиш гирифта, эҳтимоли мушорикаташ дар бозсозии маҷтамаъи таъмини маводи сӯхти фурудгоҳи Душанберо низ сарфи назар намекунад.
Раҳбари “Роснефт” Сергей Богданчиков барномаи ин ширкат барои роҳ ёфтан ба бозори Тоҷикистонро таъйид кард ва гуфт, “Роснефт” мехоҳад дар Тоҷикистон ширкати алоҳидаеро бо номи “Роснефт”Средняя Азия” сабти ном кунад. Оқои Богданчиков гуфт, гуфтугӯи намояндагони ширкаташ бо мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон дар мавриди маҳалли эҳдоси нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG