Пайвандҳои дастрасӣ

Қимати тарҳи нерӯгоҳи Роғун пойин бурда шуд


Ҳукумати Тоҷикистон қимати тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғунро то 2 миллиард доллар поён бурдаааст. Mаҳмадшариф Ҳақдодов, муовини вазири энерҷӣ ва саноати Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин маблағ барои ба кор андохтани шаш чарха ё агрегати нерӯгоҳи Роғун кофист. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки барои кори фақат ду чарха 1,3 миллиард доллар зарур аст ва маблағи умумӣ барои ҳамаи чархаҳо тақрибан 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Мирзошариф Ҳақдодов гуфт, ки имсол аз буҷаи давлат барои бунёди нерӯгоҳ 500 миллион сомонӣ (мутобиқ ба 115 миллион доллар) ҷудо шуда буд. Муовини вазири энерҷӣ ва саноат ҳамчунин хабар дод, ки охирҳои моҳи декабр маҷрои рудхонаи Вахш дар минтақаи бунёди нерӯгоҳ баста хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG