Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норушании сарнавишти тифлакони як кӯдакистони Бағдод


Шаҳрдории Бағдод ҳадс мезанад, ки дар зери харобаҳои бинои се рӯз пеш бар асари ҳамлаи террористӣ тахрибшуда шояд тақрибан 60 кӯдак боқӣ монда бошад. То имрӯз дар бораи сарнавишти тифлакони як кӯдакистони воқеъ дар канори бинои вазорати адлия иттилоъе мавҷуд нест. Рӯзи якшанбе бар асари таркиши ду мошини ҳомили маводи тарканда дар назди ин бинои вазорат дасти кам 155 нафар кушта ва беш аз 500 нафар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати дифоъи Ироқ иддаои волии Бағдод дар мавриди зери харобаҳо боқӣ мондани кӯдаконро рад намуд.
XS
SM
MD
LG