Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Караҷич бидуни маҳкумшаванда шурӯъ шуд


Мурофиаи додгоҳии раҳбари сербҳои Боснӣ Радован Караҷич дар Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг бидуни ширкати маҳкумшаванда шурӯъ шуд. Караҷич имрӯз ҳам чун як рӯзи пеш аз ширкат дар мурофиа сарпечӣ кард ва далел пеш овард, ки то ҳанӯз бо асноди парвандааш ошно нашудааст.
Додраси Додгоҳи Ҳейг эълом дошт, ки изҳороти додситон бидуни ширкати маҳкумшаванда ироа мешавад. Баъд аз ин дар мавриди чӣ гуна идома кардани мурофиа тасмим гирифта хоҳад шуд. Ҳадс зада мешавад, ки барои Караҷич вакили мудофеъ таъин мешавад, ҳарчанд ӯ қаблан эълом дошт, ки ба адвокат ниёз надорад ва аз худ дифоъ хоҳад кард. Радован Караҷич дар наслкӯшӣ, ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар замони ҷанги Боснӣ дар миёнаҳои соли 90-ум муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG