Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарурат ба расонаҳои мустақили хабарӣ


Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим хостори таъсиси нашрияҳои мустақил дар минтақа шуд.

Мақоми аввали вилоят бо зикри ин матлаб дар нишасти хабарӣ гуфт, ки мақомот ба вуҷуд овардани рақобатро дар фазои иттилооти омили муҳимтарини такон бахшидан ба фаъолияти васоити ахбори умум мешуморад.

Журналист ва нависанда Лутфишои Додо чунин мавқеъгирии мақоми аввали вилоятро дар мавриди зарурати рушди матбуоти мустақил падидаи нав арзёбӣ намуда гуфт, ки аммо он дар заминаи ноқаноатмандии мардум ва мақомот аз камрангӣ ва нақши ғайрифаъоли матбуоти минтақа буруз кардааст.

Ба фикри Лутфишои Додо мақомот бо дарки зарурати ба вуҷуд овардани таҳаввулот дар фазои иттилоотии минтақа манфиатдор будани хешро ба рушди матбуоти мустақил таъкид намуда, акнун бояд журналистон лаҷоми ташаббуси таъсиси нашрияҳои мустақилро ба даст гиранд.

Аммо ба фикри хабарнигори «Садои Бадахшон» Амон Мардонов, танҳо бо як хостаи мақомот ба вуҷуд овардани таҳаввулот дар фазои иттилоотии минтақа ғайриимкон мебошад. Вай гуфт, ки дар амал муассисиони нашрияҳои мустақил барои ба даст овардани муҷаввиз ба садди сангине бармехуранд.

Коршиносон ба даст овардани муҷаввиз барои телевизиони мустақил дар Бадахшонро дар шароити мавҷуди кишвар ба хобу хаёл баробар медонанд. Роҳбари бунёди иҷтимоии «Помир» Қурбони Аламшо мегӯяд, ки чанд сол боз радио бо номи «Сабо»-ро дар вазорати адлияи кишвар сабти ном кардааст, аммо кӯшишҳои зиёдаш барои ба даст овардани муҷаввиз натиҷа надодаанд.

Аммо сармуҳаррири радиои Бадахшон Сафармо Буттабекова таъсис ва аз байн рафтани нашрия ва оҷонсиҳоро дар минтақа ба пеш омадани мушкилоти моли ва аз сӯи дигар ҷиддият нишон надодан ва омода набудан ба худқурбонии касбии муассисон ва журналистон марбут донист.

Рӯзноманигор Ақлимо Шоалифова сатҳи ноомодагии журналистон ва мардумро як мушкили дигар дар роҳи таъсис ва фаъолияти нашрияҳои мустақил мешуморад. Вай гуфт, мақомот дар ҳар сурат аз нашрияҳо тарғиби фаъолияти хешро мехоҳад ва дарҷи матолиби интиқоди метавонад муъҷиби бастани нашрия гардад.Аз сӯи дигар, афзуд вай, имкон дорад , ки гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ҳар як назари танқидиро ба унвонашон хеле дарднок қабул кунанд ва журналистон мариди фишор қарор гиранд.

Журналист Пари Ғуломҳайдарова муҳити танг Бадахшонро сабаби дигари пойбанд будани мурғи илҳоми журналистон мешуморад. Вай гуфт, ки барои намуна агар журналист дар мавриди ифшои камбудиҳои бемористон нуги қаламашро тез кунад, дар сурати эҳтимолияти бемори чорае ҷуз аз ру овардан ба бемористони ягонаро надорад ва ҳангоми муомила бо пизишкон фишори равониро эҳсос хоҳанд кард.

Хушомади Алидод, муҳаррири «Лозар», як рйзнома ба забонҳои маҳаллӣ мегйяд, ки онҳо аз нашри нахустин шумораҳо кори серхароҷот будани интишоротро эҳсос карданд. Вай гуфт, онҳо матолиби фарҳангӣ ба чоп мерасонанд вале бовар дорад, ки агар ба мавзӯъҳои сиёсб даст зананд, хавфи бастани нашрия вуҷуд хоҳад дошт ва ба хотири тарвиҷи забон маҷбур ҳастанд дар як доираи муайян берун пой нагузоранд.

Ба фикри журналист эҳсоси чунин бархурд ба нашрияҳо боис шудааст, ки нашрияҳои мустақили соҳавӣ, ки алҳол дар минтақа чоп мешаванд, аз рӯи мақоли «кулухро болои сар ҳаво диҳӣ, ба сарат маеафтад» амал намуда, аз изҳори назари танқидии нишонрас ва мушаххас худдорӣ меварзанд.

Дар ҳамин ҳол журналсти ҷавон Моҳира Тоҳирова бо илҳом аз гуфтугузорҳо дар мавриди рушди матбуоти мустақил орзу дорад, ки пас аз чанде барояш имкони фаъолият дар нашрияҳои озод фароҳам хоҳад шуд. Вай гуфт, ки алҳол дар бештари маворид ба таҳияи хабарҳои расмӣ машғул ҳаст, зеро дар шабака тарғиби фаъолияти мақомот авлавият дорад. Вай баён дошт, ки вале дилаш мехоҳад мушоҳидаҳои хеш ва воқеъиятро рӯи коқаз оварад.

Аммо ба гуфтаи журналист Амони Мардон, ба зудт ҷомаи амал пӯшидани орзуи журналисти ҷавон ва дар фазои иттилоотии минтақа таҳаввулотро интизор шудан муҳол аст. Вай гуфт, ки эҳёи васоити ахбори умуми фаъол ва муассир дар минтақа боз ҳам бештар ба кушиш ва имконоти журналистон ва сармоягузорон вобаста буда, мақомот бо назардошти интиқод дар мавриди садди роҳи рушди он шудан дар чаҳорчуби рафтори маъмули танҳо мавқеъ ва ҳавасмандиашро дар қиболи рушди он эълом доштааст.
XS
SM
MD
LG