Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел таҳримҳо алайҳи Узбакистонро бекор кард


Иттиҳодияи Аврупо охирин таҳримҳо алайҳи Узбакистонро лағв кард.

Дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург изҳори умедворӣ шуд, ки ин тасмим ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон мусоидат хоҳад кард. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки Брюссел аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвари Осиёи Марказӣ нигарон боқӣ мемонад.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Тошканд чанд моҳ баъд аз саркӯбсозии тазоҳуроти сокинони шаҳри Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ва сарпечии мақомоти Узбакистон аз пажуҳиши мустақилонаи байнулмилалии ин ҳаводис ҷорӣ шуда буданд.

Соли гузашта Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои марбут ба маҳдудияти дарёфти раводид аз сӯи мақомоти Узбакистонро бекор карда буд.

Акнун маҳдудиятҳо дар робита ба манъи хариду фурӯши силоҳ бо Узбакистон низ аз байн бурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG