Пайвандҳои дастрасӣ

Плавшич маҳбасро тарк намуд


Раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Биляна Плавшич баъд аз 8 сол аз маҳбас озод шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, хонум Плавшич имрӯз зиндон дар Шветсияро тарк намуд ва ҷониби Сербистон раҳсипор шуд. Гуфта мешавад, ки раҳбари пешини сербҳои Боснӣ барои рафтори хуб дар маҳбас ва иқрори ҷиноёташ се сол пеш аз мӯҳлат чаҳордевори маҳбасро тарк намудааст.
Биляна Плавшич, ки баъд аз Радован Караҷич раҳбари сербҳои Боснӣ интихоб шуда буд, барои “поксозии қавмӣ” ва таъқиби мусалмонҳову хорватҳо замони ҷанг дар Боснӣ ва Ҳерсеговина дар нимаи аввали солҳои 90-ум аз сӯи Додгоҳи Ҳейг ваё Гаага барои 11 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG