Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши Виктор Юшенко барои боқӣ мондан дар мақом


Виктор Юшенко, президенти Украина, имрӯз асноди худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба Комиссиюни марказии интихоботи кишвар пешниҳод кард. Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина рӯзи 17 январи соли оянда баргузор хоҳад шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Виктор Юшенко дар ин маъракаи сиёсӣ ба ҳайси номзади мустақил ширкат мекунад. Ҷонибдорони ӯ аз ҳизби “Украинаи мо” мегӯянд, ки ба ин васила раисиҷумҳури феълӣ метавонад аз пуштибонии дигар ҳизбу созмонҳои кишвар бархурдор шавад.
Аз ин пеш сарвазири Украина Юлия Тимошенко ва раҳбари “Ҳизби манотиқ” Виктор Янукович ҳам тасмими худро барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсатҷумҳурӣ эълон карда буданд. То имрӯз Комиссиюни марказии интихобот панҷ довталаби мақоми олӣ дар кишварро сабти ном кардааст.
XS
SM
MD
LG