Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасии мутобиқати Созиши Лиссабон ба қонунҳои Чехия


Додгоҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии Чех имрӯз ба бозрасии мавзӯъи мутобиқати Созиши Лиссабон оид ба истилоҳоти Иттиҳодияи Аврупо ба қавонини кишвар шурӯъ кард. 17 узви Сенати Чехия хостори пажуҳиши ин мавзӯъ шуданд, зеро, аз нигоҳи онҳо, ин санад ба истиқлолу якпорчагии кишвар латма мезанад. Гуфта мешавад, дар сурати пазируфта шудани Созиш олмониҳои Судет метавонанд даъвои баргардонидани замин ва моликияти худ дар Ҷумҳурии Чех шаванд. Ҳанӯз маълум нест, ки Додгоҳи Қонуни асосии Чехия тасмими худро кай эълон мекунад.
Ҷумҳурии Чех ягона кишварест, ки Созиши Лиссабон оид ба истилоҳоти Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб накардааст. Парламенти кишвар аз ин санад пуштибонӣ кард ва аммо раисиҷумҳур Ватслав Клаус аз гузоштани имзо зери он худдорӣ намуд. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо умедворанд, ки тасвиби Созиши Лиссабон аз сӯи кишварҳои узв то охири соли равон поён меёбад.
XS
SM
MD
LG