Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳои нуқраву биринҷӣ


Бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар меҳмонӣ тими «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Се голро ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров ба самр расонд. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб низ дар сафар ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар даври 17-ум бидуни бозӣ бо «Спитамен»-и Спитамен, ки аз мусобиқа хориҷ шудааст, се имтиёз ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ин давр бар тими меҳмон - «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 мушарраф гардид. Зеро қӯрғонтеппагиҳо дар бозии охирини худ 1-уми ноябр бидуни рақобат бо «Спитамен», ки ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқа даст кашид, соҳиби се имтиёз мешаванд ва рақибонашон ба онҳо расида наметавонанд.

Бозии даври 18-ум байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо хоҳиши ҳарду даста 6 рӯз пеш аз мӯҳлати муқарраршуда, 26-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 8:0 ба фоидаи душанбегиҳо ба анҷом расид.

Бад-ин тартиб Вахш» бо 43 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. «Хуҷанд» бо 40 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Регар» ТадАЗ бо 38 имтиёз дар ҷои севум мебошад. Вале футболбозони шаҳри Турсунзода як бозӣ камтар анҷом додаанд.

То анҷоми мусобиқа 4 бозии дигар мондааст. «Регар» ТадАЗ дар ду бозии боқимонда 1-уми ноябр дар майдони худ бо «Хуҷанд» ва 8-уми ноябр дар меҳмонӣ бо «Энергетик» (бозии мавқуфмондаи даври 17-ум) зӯрозмоӣ хоҳад кард. Бояд гуфт, ки дар бозии «Регар» ТадАЗ бо «Хуҷанд» тақдири медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқа ҳал хоҳад шуд, ба шарте ки бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима наёбад. Инчунин дар ду бозии боқимонда 1-уми ноябр «Парвоз» ва «Энергетик», ССКА «Помир» ва «Гвардия» қувваозмоӣ мекунанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 1-уми ноябр:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

17

14

1

2

41-15

43

2.

«Хуҷанд»

17

13

1

3

36-10

40

3.

«Регар» ТадАЗ

16

12

2

2

40-11

38

4.

«Истиқлол»

18

11

3

4

41-18

36

5.

«Энергетик»

16

8

2

6

37-24

26

6.

«Парвоз»

17

7

4

6

27-21

25

7.

«Равшан»

18

5

2

11

25-45

17

8.

«Гвардия»

17

2

2

13

10-52

8

9.

«Спитамен»

17

1

3

13

9-41

6

10.

СCКА «Помир»

17

1

2

14

13-42

5


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 14 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 12 гол.
XS
SM
MD
LG