Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми раҳбарони собиқи "Востокредмет"


Додгоҳи Тоҷикистон 5 масъули собиқи корхонаи “Востокредмет”-ро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард. Аз ин шумор ду нафар дар хиёнат ба ватан ва як тани дигар дар ҷосусӣ муҷрим шинохта шуданд. Мурофиаи парванда дар додгоҳи шаҳри Чкалов пушти дарҳои баста гузашт. Раиси собиқи “Востокредмет” Шавкат Бобоҷонов ва раҳбари собиқи бахши амнияти корхона Матин Зиёев ҳар кадом бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом 10-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Сармуҳандиси собиқ ва мудири пешини идораи сохтмони корхона Александр Ботов ва Александр Бобошин бо ҷурми хиёнат ба ватан барои 22-солӣ равонаи зиндон шуданд. Шаҳрванди Узбакистон Виссарион Тен бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум ба 20 соли зиндон шуд.
XS
SM
MD
LG