Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар соли 2009


Вазорати умури хориҷии Амрико гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳонро нашр кард. Гузориш 5 роҳи умдаи нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳоро номбар мекунад, ки аз ин қароранд: давлатҳои худкома, ҳисси адоват нисбат ба ақаллиятҳои динӣ, нокомӣ дар амри таъмини ҳусни таҳаммул дар ҷомиа, маҳдудиятҳои қонунӣ ва аъмоли ғайримашрӯъи давлатҳо.
Гузориш дар маҷмӯъ дар соҳоте, чун гуфтугӯи миёни мазоҳиб пешрафтҳоеро зикр мекунад, вале мегӯяд, фишор алайҳи диндорон дар кишварҳое, чун Эрону Кореяи шимолӣ ҳамоно идома доштааст.
Дар бахши марбут ба Тоҷикистон ин гузориш омадааст, ки Қонуни асосии кишвар озодии мазҳабро замонат медиҳад, вале қонунҳои ҷорӣ ва қарорҳои ҳукумат бо ин ҳаққи мардум дар таноқузанд. Гузориш мегӯяд, ки давлат ақидаи дунявиятро ташвиқ карда, иҷрои фаризаҳои мазҳабиро низ иҷозат медиҳад, вале таҳти назорати шадиди худ.
Бино бар ин гузориш, таҷрубаи нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта низ идома кардааст.
Гузориш мегӯяд, қонуни нави дини Тоҷикистон, ки имсол тасвиб шуд, озодиҳои диниро дар кишвар маҳдудтар мекунад. Гузориш ҳамчунин манъи фаъолияти созмонҳои масеҳие, чун "Ҳаёти фаровон" ва "Шоҳидони Яҳво", ва ҷараёни салафияро дар Тоҷикистон зикр карда, аз боздошти садҳо тан пайравони "Ҷамоати Таблиғ" дар баҳори имсол низ ёдовар шудааст.
XS
SM
MD
LG