Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифлис нирӯҳои Русияро ба одамрабоӣ айбдор кард


Гурҷистон нирӯҳои Русияро дар рабудани 16 нафар аз қаламрави таҳти назорати Тифлис дар наздикиҳои минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ айбдор кард.
Сухангӯи вазорати умури дохилаи Гурҷистон Шота Утиашвилӣ гуфт, ин афрод зӯҳри якшанбе тавассути нирӯҳои Русия аз ҳудуди ноҳияи Душетӣ дар атрофи минтақаи баҳсии Ахалгорӣ ҳангоми ҳезумчинӣ рабуда шудаанд.
Мероб Чигоев, мушовири раҳбари Осетияи ҷанубӣ Эдуард Кокойтӣ аммо гуфт, ки ин 16 нафарро нирӯҳои Русия бо иттиҳоми убури марз ва “ҷангалбурии ғайриқонунӣ” дар қаламрави Осетияи ҷанубӣ боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG