Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи исми қотилони хабарнигори хорват


Мақомоти тафтишотии Хорватия ва Сербистон муштаракан 9 нафарро ба даст доштан дар қатли хабарнигори бонуфузи хорват Иво Пуканич дар соли гузашта айбдор карданд.
Иво Пуканич, сардабири ҳафтавори “Nacional”, ки дар бораи ҷинояткории созмонёфта матолиб нашр мекард, соле пеш ҳамроҳ бо як мушовираш дар Загреб кушта шуданд. Додситони Сербистон Сретен Йосич, як раҳбари маъруфи гурӯҳҳои мафиозиро якҷо бо тан аз ёрони наздикаш дар таҳия ва ташкили қатли хабарнигор муттаҳам кард. Мақомоти Хорватия ҳамин тавр, 6 нафари дигарро ба куштани Пуканич бо дастури Сретен Йосич айбдор кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Йосч мехост бо қатли хабарнигор аз таҳқиқи амиқтари фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Балкан ҷилавгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG