Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама дар масъалаи Афғонистон шитоб карданӣ нест


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ӯ намехоҳад дар мавриди ирсоли нирӯҳои бештари Амрико ба Афғонистон бо шитобзадагӣ тасмим бигирад. Обама, ки дар пойгоҳи артиши дарёии Амрико дар Флорида сӯҳбат мекард, ба ҳозирин тааҳҳуд супурд, ки “бидуни зарурати мутлақ” ҳаёти онҳоро зери хатар нахоҳад гузошт. Ин ваъдаи Обама дар ҳолест, ки ахиран бар асари суқути ду чархбол дар Афғонистон 14 аскари Амрико кушта шуданд, ки бузургтарин талафоти Амрико дар он кишвар дар 4 соли охир маҳсуб мешавад. Обама феълан бо аъзои тими амниятӣ ва мушовирони низомиаш стротежии нави Амрико дар қиболи ҷанги Афғонистонро баррасӣ мекунад. Яке аз пешниҳодҳо, ки фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл ироа кардааст, ирсоли 40 000 сарбози изофӣ ба он кишвар аст.
XS
SM
MD
LG