Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди генерал Петреус аз Душанбе


Генерал Девид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон, рӯзи душанбе аз пойтахти Тоҷикистон боздид ва бо раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Генерал Петреус гуфт, дар ин мулоқот вазъи Афғонистону минтақа ва барномаи ирсоли нирӯҳои изофии Амрико ба Афғонистонро баррасӣ кардааст. Қочоқи маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз терроризм ва таҳкими марзҳо аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯҳои Петреус дар Душанбе будааст.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар моҳи феврал истифодаи қаламраваш барои транзити молу колоҳои ғайринизомии лозим барои фаъолияти нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро иҷозат дод.
XS
SM
MD
LG