Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Караҷич оғози мурофиаашро таҳрим кард


Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Буснӣ дирӯз расми ифтитоҳи мурофиаи парвандааш дар Додгоҳи Ҳейгро таҳрим кард. Ӯ ба 11 ҷинояти ҷанг, аз ҷумла наслкушӣ ва қатли омм дар солҳои ҷанги Буснӣ дар солҳои 90 муттаҳам мешавад. Караҷич ин иттиҳомотро радд мекунад ва гуфтааст, далели адами ҳузураш дар оғози мурофиа набуди фурсати кофӣ барои таҳияи хатти дифоъияш будааст. Қозии мурофиаи Караҷич дирӯз оғози додгоҳро ибтидо барои 15 дақиқа ва сипас то рӯзи сешанбе ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG