Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон ва Тоҷикистон роҳи наздиктарин кадом аст?


Tajikistan - Tajikistan Ambassador to Pakistan Zubaidullo Zubaidov (Zubaydov), undated

Tajikistan - Tajikistan Ambassador to Pakistan Zubaidullo Zubaidov (Zubaydov), undated

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва талошҳо барои таъмини суботи амният дар минтақа баррасӣ шуданд.

Бархе аз коршиносон сафари Хайриддин Абдураҳимов ба Покистонро бо нооромтар шудани авзоъ дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла, манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, марбут кардаанд, ки ахиран боиси нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Фаъол шудани Толибон дар шимоли Афғонистон, ба гуфтаи коршиносон, аз як сӯ хатари густариши тундгароӣ ба Осиёи Марказӣ ва аз сӯи дигар, таҳдиди вуруди теъдоди бузурги фирориён аз Афғонистон ба кишварҳои минтақаро афзоиш медиҳад. Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар мулоқоти раиси кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон бо мақомоти амниятии Покистон маҳз ҳамин мавзӯъ баррасӣ шудааст.


Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Зубайд Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, тайид кард, ки Хайриддин Абдураҳимов дар музокирот бо ҳамтои покистонии худ – раҳбари хадамоти амниятии ин кишвар асосан масоили марбут ба таъмини амнияту субот дар минтақаро баҳсу муҳокима намуд. Аз Зубайд Зубайдов суол кардем, ки дар мулоқоти Хайриддин Абдураҳимов бо раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ кадом мавзӯъҳо матраҳ шуданд?

Зубайд Зубайдов: -Раиси Ҷумҳури исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ бо Хайриддин Абдураҳимов, раиси кумитаи амнияти миллии Тоҷкиистон мулоқот карданд ва дар мулоқот ҳалли масъалаҳои дуҷонибаи байни Покистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар оғоз мӯҳтарам Хайриддин Абдураҳимов саломи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Покистон расонд ва дар сӯҳбат зикр кард, тайи чанд рӯзе, ки ин ҷо сафар доштанд, бо ҳамкасбони худашон мулоқотҳои муфид карданд ва афзуд, ки мақасади асосии ҳамагон мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухадир ва ифротгароӣ аст ва ҷонибҳо омодаанд, ки ҳамкориро дар ин бахш идома диҳанд.


Дар сӯҳбат ҷаноби Зардорӣ қайд намуд, ки баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ду моҳи пеш, зимни сафари расмияшон ба Душанбе, дар робитаҳои Тоҷикистону Покистон як марҳалаи нав шурӯъ шуд, ки он раисиҷумҳурро қонеъ кардааст. Раҳбари Покистон гуфтанд, ки “мо омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо ҳастем – дар бунёди роҳҳо, барои барқарор кардани хатти барқ, ки аз тариқи Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мерасад, ки он КАСА 1000 унвон дорад ва интизор доранд, ки ин тарҳҳо ҳарчӣ зудтар татбиқ шавад. Ва дар охир раисиҷумҳури Покистон бори дигар аз вазири тоҷик изҳори ташаккур карданд барои оғози ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду идораи бисёр муҳим.

Суол: -Ва аммо оё дар ин сӯҳбат, ки ин он ҷо шумо ҳам ширкат доштед, масоили ҳамкориҳои амниятӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳам баррасӣ шуд?

Зубайд Зубайдов: -Ин сӯҳбат протоколӣ ё дидорбинии ташрифотӣ буд. Яъне дигар сӯҳбатҳо доир ба масоили амниятӣ дар мулоқотҳои ҷаноби Абдураҳимов бо ҳамкасбҳои покистонияш доир шуданд.

Суол: -Ва ҷаноби сафир, баъзе аз расонаҳои Покистон навиштаанд, ки дар ин мулоқот мавзӯъи бунёди як роҳи оҳан ҳам баррасӣ шудааст, ки гӯё Тоҷикистону Покистонро бо ҳам мепайвандад...

Зубайд Зубайдов: -На, ин нодуруст аст ва ман намедонам, ки аз куҷо пайдо шудааст мавзӯъи роҳи оҳан. Дар сӯҳбат мавзӯъи барқарор кардани роҳҳои наздиктарин бо Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мавзӯъ чанд сол боз муҳокима мешавад ва ин ибтикори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳарчӣ зудтар мо тавонем як роҳи наздику хубтарро аз тариқи Тоҷикистон ба Покистон ва Покистон ба Тоҷикистон пайдо кунем. Ва роҳи наздиктарин аз тариқи долони Вахон аст, ки тақрибан 45 километри он аз қаламрави Афғонистон мегузарад. Агар ин роҳ бунёд шавад, роҳи Покистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ боз мешавад ва роҳи ин кишварҳо ба мамолики ҷанубӣ. Дар ин ин мулоқот маҳз дар ин бора сухан рафт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG