Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико марзбонони тоҷику афғонро омӯзиш медиҳад


Генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон ва Ироқ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард. Рейчел Кук-сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт:

"Генерал Дэвид Петеус-фармондеҳи ситоди марказии нируҳои Амрико бо Эмомалӣ Раҳмон ва шуморе аз мақомоти низомии Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди 26-ӯми октябри худ аз Тоҷикистон мулоқот кард".


Хонум Кук афзуд,ҷонибҳо дар бораи вазъи минтақа, аз ҷумла дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба барои таъмини сулҳ дар Афғонистон бо ҳам гуфтугӯ карданд. Рейчел Кук афзуд, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар оянда дар марз бо Афғонистон нируҳои Амрико нируҳои марзбонии Афғонистону Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо тундгароӣ омӯзиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG