Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон қотили дуввуми Алишерро ҷустуҷӯ мекунад


Пулиси Қирғизистон гуфтааст, қотили дуввуми Алишер Соҳибов-рӯзноманигори мустақил, ки дар соли 2007 ба қатл расида буд, ҷустуҷӯ мешавад. Ӯлҷабой Қозибоев-сухангӯи вазорати дохила ба радиои Озодӣ гуфт, баъд аз ин куштор Абдуфарид Расулов боздошт шуда буд ва ҷустуҷӯи қотили дуввум бо номи Шораҳматуллоев идома дорад. Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон марказаш дар Нию Йорк ҳафтаи гузашта аз мақомоти Қирғизистон тақозо кард, ки расидагиҳои анҷомдода роҷеъ ба куштори Алишер Соҳибовро дар дастрасии ҷомеъа қарор диҳанд. Соҳибов 26 сол дошт ва сардабири рӯзномаи ӯзбекзабони "Сиёсат" буд. Қабл аз ин барои радиои Озодӣ ва Садои Амрико гузоришҳо таҳия мекард. Вай 24-ӯми октябри соли 2007 дар шаҳри Ӯш ҳадфи тири афроди номаълум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG