Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Петреус дар Душанбе мулоқот карданд


Девид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Афғонистон баъди мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, дар сурати таҳдид ба амнияти марзҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Толибон нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба кӯмаки ин кишварҳо хоҳанд шитофт.

Вай гуфт, интизор меравад, ки теъдоди нирӯҳои эътилофӣ дар хоки Афғонистон соли равон аз 35 ҳазор то 60 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Генерал Петреус афзуд, барномаи сафари нирӯҳои таъиноти махсуси Амрико ва тамрини низомиёни тоҷик барои соли оянда дар назар гирифта шудааст.

Нирӯҳои таъиноти махсуси Амрико дар масъалаи мубориза бо тундгароӣ, ҳимояти марз, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва дигар бахшҳо ба ҳамтоҳои тоҷики худ кӯмак хоҳанд кард.

Оқои Петреус имрӯз, 26-уми октябр, бо як сафари ғайримунтазира аз Ироқ вориди Тоҷикистон шуда, фардо қарор аст, ба Афғонистон равад.

Сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, зиёрати генерал Петреус аз Душанбе ба замоне рост омадааст, ки президенти ИМА Барак Обама имкони ирсоли нерӯҳои тозанафас ба Афғонистонро арзёбӣ мекунад.

Дар мулоқоти раҳбари Тоҷикистон бо генерали амрикоӣ ҳамкориҳо дар таҳкими сулҳу суботи Афғонистон баҳс шудааст. Ҳамчунин, дар ин дидор мубориза бо ҳамлу нақли маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз терроризм ва амнияти марзҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Тобистони соли равон гурӯҳҳои мусаллаҳи, ба қавли ҳукумати Тоҷикистон, қочоқбари маводи мухаддир, вазъ дар ноҳияи Тавиладараро ноором карда буданд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон низ дар бораи тавсеаи ҳузури ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон маълумот додаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад ва табиист, ки Тоҷикистон аз афзоиши нооромиҳо дар марзаш бо Афғонистон нигарон аст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ташвиш доранд, ки бо ифтитоҳи роҳи ба истилоҳ шимолии икмолотӣ ҳузури гурӯҳҳои ифротгарои марбут бо созмони террористии ал-Қоида дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ афзоиш меёбад.
.
XS
SM
MD
LG