Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҳ хостори барканории раиси кумиссиюн шуд


Абдуллоҳ Абдуллоҳ-яке аз номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон тақозо кардааст, ки раиси Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон то рӯзи баргузории даври дуввуми интихобот то 7-ӯми ноябр аз мақомаш барканор шавад. Рақиби Ҳомид Карзай дар як конфронси хабарӣ дар Кобул "феҳристи шароит"-еро қироат кард, ки ба гуфтаи вай, дар даври дуввум баргузории интихоботи одилонаро таъмин мекунад. Вай гуфт, Азизуллоҳ Лудин-раиси Кумиссиюни мустақили интихоботӣ "салоҳият надорад" ва бояд зудтар аз мақомаш барканор шавад. Дар интихоботи 20-август тақаллуби густарда мушоҳида шуд. Аъзои Кумиссиюни мусстақили интихоботиро Ҳомид Карзай таъйин карда буд ва оқои Лудин собиқ мушовири раиси ҷумҳур буд. Рӯзи якшанбе Карзай ва Абдуллоҳҳ ташкили ҳукумати эътилофиро рад карданд. Қаблан давлати Барак Обама-раиси ҷумури Амрико гуфта буд, ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG