Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 000 зиндонии Тоҷикистон афв мешаванд


Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон пешнависи санадеро дар бораи афви 10 000 нафар зиндониёни Тоҷикистон барои тасвиб ба порламони кишвар пешниҳод кардааст. Ин иқдом ба 15-ӯмин солгарди тасвиби Қонуни Асосии Тоҷикистон ва ба Соли бузургдошт аз Имоми Аъзам Абуҳанифа ихтисос дорад. Пешнависи санади мазкур аз 25 модда иборат аст ва раҳоии гурӯҳи муайяни зиндониён ва ҳамчунин ашхосеро дар назар дорад, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар марҳалаи ибтидоии расидагӣ дар додгоҳҳо қарор дорад. Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба он шахсоне татбиқ мешавад, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд.
XS
SM
MD
LG